Нарав

1297

Musik skapad av Huseyn Zohidov med Suno AI

Нарав
v4

@Huseyn Zohidov

Нарав
v4

@Huseyn Zohidov

Text
Гар равад дидаву ақлу хираду ҷон, ту марав!
Ки маро дидани ту беҳтар аз эшон, ту марав!
Офтобу фалак андар канафи сояи туст,
Гар равад ин фалаку ахтари тобон, ту марав!
Эй, ки дурди суханат софтар аз табъи латиф,
Гар равад сафвати ин табъи сухандон, ту марав!
Аҳли имон ҳама дар хавфи дами хотиматанд ,
Хавфам аз рафтани туст, эй шаҳи имон, ту марав!
Ту марав, гар биравӣ, ҷони маро бо худ бар,
В-ар маро менабарӣ бо худ, аз ин хон ту марав!
Бо ту ҳар ҷузви ҷаҳон боғчаву бӯстон аст,
Дар хазон гар биравад равнақи бӯстон, ту марав!
Ҳаҷри хешам манамо, ҳаҷри ту бас сангдил аст,
Эй, шуда лаъл зи ту санги Бадахшон, ту марав!
Кӣ бувад зарра, ки гӯяд: Ту марав, эй хуршед?!
Кӣ бувад банда, ки гӯяд ба ту: Султон, ту марав?!
Лек ту оби ҳаётӣ, ҳама халқон моҳӣ,
Аз камоли караму раҳмату эҳсон ту марав!
Ҳаст тумори дили ман ба дарозои абад,
Барнавишта зи сараш то сӯи поён: “Ту марав!”
Гар натарсам зи малоли ту, бихонам сад байт,
Ки зи сад беҳтару з-ҳаждаҳ ҳазорон ту марав!
Musikstil
Pop

Du kanske gillar

Cover av låten Зина Мина
v4

Skapad av Татьяна Котенко med Suno AI

Cover av låten صرخة
v4

Skapad av Soma med Suno AI

Cover av låten Edyta
v4

Skapad av Aga K med Suno AI

Relaterad spellista

Cover av låten Lato jest w nas
v5

Skapad av Jerzyna K med Suno AI

Cover av låten Contigo todo es especial
v4

Skapad av Maria Hernande med Suno AI

Cover av låten Repülés
v4

Skapad av J H med Suno AI