Вахё

81

Música criada por Mujib Muhtojzoda com Suno AI

Вахё
v4

@Mujib Muhtojzoda

Вахё
v4

@Mujib Muhtojzoda

Letra da música
Вахё, Вахё, замини бобо, Вахё,
Аъло, аъло, аз ҳама аъло, Вахё,
Зебо, зебо, ягона зебо, Вахё,
Валло, билло, аз ҳама боло, Вахё.

Ман садқа шавам лаҳҷаи Хингови туро,
Мастонагиву хурӯши Равнови туро,
Ман садқаи покизагии ҳавзи Кабуд,
Ман садқаи сабзинагии сардараҳо,

Сарчашмаи обҳои дунё, Вахё,
Сарбайти суруди рӯди гӯё Вахё,
Сарҳалқаи орифони доно, Вахё,
Сарриштаи риштаҳои тилло, Вахё.

Ҳар дида туро бидида тасхир шавад,
Ҳайратзадаи нахчири тоҳир шавад,
Фархунда шавад зи сояи боли хумо,
Фархундаи сарфарози тақдир шавад.

Эй кишвари обу нобу лафзи асалӣ,
Соҳибдилу аҳли ҳолу қоли азалӣ,
Озодаву сарфароз ҳар як нафарат,
Чун тифли сари пуштаву чун Бурхи Валӣ

Рӯзе, ки ҷудо шудам зи банду пайванд,
Ин навҳа бимонд сар-сари кӯҳи баланд.
"Ҳар кас, ки маро зи хоки Вахё барканд,
Барканда шавад зи молу мулку фарзанд".

Вахё, Вахё, замини бобо, Вахё,
Аъло, аъло, аз ҳама аъло, Вахё,
Зебо, зебо, ягона зебо, Вахё,
Валло, билло, аз ҳама боло, Вахё.
Estilo de música
Traditional Folk, Romantic, relaxed, melodic, Male Voice

Você pode gostar

Lista de reprodução relacionada

Capa da música ъъъ
v4

Criado por Ириска Склименок com Suno AI

Capa da música Mehfooz King
v4

Criado por mehfooz King com Suno AI

Capa da música piccole donne new
v4

Criado por Antonio Mattiello com Suno AI